"Google" дар Аврупо шабакаҳои "YouTube"-и вобаста ба RT ва "Sputnik"-ро қатъ мекунад

"Google" эълон кард, ки дар Аврупо шабакаҳои "YouTube"-и RT ва "Sputnik"-ро масдуд мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бояд гуфт, чанде пеш дар изҳороти видеохостинг гуфта шуда буд, ки "YouТube" монетизатсияи як қатор шабакаҳоро бинобар таҳримҳо бар зидди Русия ва амалиёти низомӣ дар Украина манъ кардааст.
Қаблан "Google" садҳо канали "YouTube"-ро дар робита ба рӯйдодҳои Украина ҳазф карда буд.
"Google" хабар дод, ки таблиғоти марбут ба буҳрони Украинаро, ки созандагони он "ба назар мерасад, аз вазъият истифода мекунанд", низ масдуд кардааст.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки дастаи "Google" ба таври фаъол "ҷанг дар Украина"-ро назорат ва шабонарӯзӣ ба амнияти кормандон, корбарон ва муштариён таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мошинҳои маъмурияти САҲА Донетск ва Луганскро тарк мекунанд
Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд ва дар паи он эълони тахлияи минтақаҳоро карданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶМЛ ва ҶМД муроҷиат карданд.
Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳо имзо кард.
Рӯзи 24 феврал Путин дар бораи амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод. Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд, ҳадаф танҳо пойгоҳҳои ҳарбӣ ва ғайринизомисозӣ хоҳад буд.