Ӯзбекистон шаҳрвандони худро аз Украина берун меорад: Тоҷикистон чӣ?

Дар Украина беш аз чор ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон қарор дорад ва феълан ҳукумати ин кишвар саъй дорад, ҳамватанони худро аз қаламрави Украина берун орад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Берун овардани шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Украина идома дорад.
" То соати 16:00-и рӯзи 27 феврал тақрибан 110 шаҳрванди Ӯзбекистон аз гузаргоҳи Карчова ба Лаҳистон гузаштанд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик шаҳрвандони дигар убур кунанд ва пас аз он тамоми ҳамватанон тавассути автобус ба фурудгоҳи Катовитсе интиқол дода шаванд", - афзуд Юсуф Кобулҷонов, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои сафорат, беш аз 600 шаҳрванди Ӯзбекистон ба марзи Лаҳистон интиқол ёфтанд. Гуфта мешавад, дипломатҳои узбек дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва ҳамаи ҳамватанони худро дар фурудгоҳ бо маблағҳои зарурӣ таъмин мекунанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дархости ВУХ Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дар Украина: манзилҳоятонро тарк накунед
"Масъалаи таъмини долони ҳавоӣ барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ҷиҳати интиқоли шаҳрвандон аз Лаҳистон ба Ӯзбекистон таҳия шудааст. Парвози аввалин ҳавопаймо ба Ӯзбекистон 28 феврал дар назар аст", - афзуд Қобулҷонов.
Ҳоло дар Украина ҳудуди 4,3 ҳазор ӯбекистонӣ ба сар мебарад ва дар навбати аввал занону кӯдакон, донишҷӯёну пиронсолонро аз Украина берун меоранд.
Тоҷикистон феълан дар мавриди берун овардани шаҳрвандони худ даст ба кор нашудааст ва дар як муроҷиатномаи Вазорати умури хориҷӣ ва ҳамзамон дар паёми сафорати Тоҷикистон дар Украина ба ҳамватанони дар он кишвар қарор дошта, гуфта шудааст, ки бидуни зарурат аз манзилҳои худ берун нараванд ва бояд сабур бошанд.
Ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар Украина дар бораи фаъол будани хатти тамос иттилоъ дод ва афзуд, дар сурати зарурат ба шумораи телефони +380933361040 занг зананд.