Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Украина маҳалҳои аҳолинишини ҶХД-ро тирборон карданд

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дубора ба сӯйи маҳалҳои аҳолинишини ҶХД оташ кушоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Намояндагии Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ 2 маҳаллаи аҳолинишини ҶХД-ро тирборон кардаанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина (ҚМУ) ба сӯйи онҳо 12 мина бо калибри 120 миллиметр партоб карданд.
"Аз тарафи ҚМУ дар самтҳои зерин тирпаронӣ сурат гирифт: деҳаи Жованка, Зайтсево (ҷанубӣ): 7 мина бо калибри 120 мм..., деҳаҳои Верхнеторетское (шимолӣ) ва Пантелеймоновка 5 мина бо калибри 120 мм партоб шуд", — омадааст дар хабар.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Натиҷаҳои эҳтимолии музокироти Русия ва Украина маълум шуд
Ёдовар мешавем, рӯзи 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ-ро ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия,аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки "вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад".
Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд. Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо саъй хоҳад кард, ки ин кишварро аз низомиён холӣ кунад.
Путин гуфт, ҳадаф аз амалиёти вижае, ки Русия анҷом медиҳад, ҳифзи одамонест, ки тӯли 8 сол аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд.