Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия гуфт, фазои Украинаро комилан таҳти назорат гирифт

Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, назорати комили фазои Украинаро ба даст овардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Русия фазои Украинаро комилан таҳти назорат дароварданд, хабар дод намояндаи расмии Вазорати дифоъ, генерал - майор Игор Конашенков.
Генерал Конашенков зимни гузориш ба рӯзноманигорон таъкид намуд, ки феълан ҳавои Украина комилан дар ихтиёри авиатсияи Русия қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, тайи шабонарӯзи гузашта нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия 7 мошин ҷангии "Бук М-1", дастгоҳи танзими маҷмаи мушакӣ ва "Бук М-1", 3 истгоҳи радиотехникиро нобуд карданд. Конашенков инчунин аз нобудсозии 5 ҳавопаймо дар шабонарӯзи охир хабар додааст, ки 4 ададаш дар замин ва яке дар ҳаво ҳадаф қарор дода шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Иттиҳодияи Аврупо осмони худро пурра ба рӯи ҳавопаймоҳои Русия баст
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.