ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Оҷонсии федералии нақлиёти ҳавоӣ хабар медиҳад, ки Русия дар посух ба манъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ин кишвар аз тариқи кишварҳои аврупоӣ парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии 36 кишвар тавассути фазояшро маҳдуд кардааст.
"Мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар посух ба мамнуияти парвозҳои ҳавопаймоҳои граждании ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ё дар Русия сабтиномшуда аз ҷониби давлатҳои аврупоӣ аз ҷониби Русия низ маҳдудият ҷорӣ шуд", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Кишварҳо ва ширкатҳое, ки парвози ҳавопаймоҳои онҳо аз фазои Русия манъ шудааст, инҳоянд: Австрия, Албания, Англия, Белгия, Булғористон, Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё, Бритониёи Кабир, Маҷористон, Олмон, Ҷабалутториқ, Юнон, Дания, Ҷерсӣ, Ирландия, Исландия , Испания, Италия, Канада, Қибрис, Латвия, Литва, Люксембург, Малта, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Португалия, Руминия, Словакия, Словения, Финландия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Шветсия, Эстония.
Парвозҳои ҳавопаймоҳои ин кишварҳо танҳо бо иҷозати махсуси Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Русия анҷом дода мешаванд.
Қаблан гуфта мешуд, ки Иттиҳоди Аврупо парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиро дар қаламрави иттиҳод манъ мекунад.