ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Владимир Путин дар оғози мулоқот Ғарбро “империяи дурӯғ” номид, иттилоъ додааст “Коммерсант”.
Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа таҳримҳои нави иқтисодӣ бар зидди Русия баррасӣ шудааст.
“Ман шуморо даъват кардам, ки дар бораи масъалаҳои марбут ба иқтисод ва молия суҳбат кунед. Ман ва Михаил Мишустин қаблан ин мавзуъро баррасӣ карда будем, албатта, таҳримҳоеро, ки ҷомеаи ба истилоҳ Ғарб нисбати кишвари мо рӯи даст гирифтааст. Тавре ки ман дар суханронии худ гуфтам, ин "империяи дурӯғ" аст”, — гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар ҷаласа ба ҷуз аз сарвазир Михаил Мишустин муовинони ӯ Андрей Белоусов ва Александр Новак, муовини раиси Дастгоҳи президент Сергей Кириенко, ёвари президент Максим Орешкин, вазири молия Антон Силуанов, раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина ва раиси "Сбербанк" Герман Греф ҳузур доштанд.
Рӯзи 28 феврал таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Русия эътибор пайдо карданд. Онҳо ба далели амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ҷорӣ карда шуданд.
Ин таҳримҳо бастани дороиҳои Бонки марказӣ ва манъи фаъолияти бархе бонкҳо дар низоми SWIFT-ро дар бар мегиранд. Бонки марказӣ дар муқобила бо таҳримҳо меъёри асосиро аз 9,5% то 20% боло бурд ва ба ғайрирезидентҳо муомилот бо коғазҳои қиматноки Русияро манъ кард.