ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо дар Украина ҷанг намекунад, аммо ба ин кишвар кумак мекунад, аз ҷумла силоҳ медиҳад, изҳор дошт котиби давлатии Вазорати умури хориҷии Фаронса Клеман Бон.
Ба иттилои РИА "Новости", Клеман Бон зимни як мусоҳиба таъкид намуд, ки Фаронса ё шарикони НАТО дар қаламрави Русия ҷанг намекунанд.
"Аммо бояд рӯшан гуфт, ки ҷанг дар қитъаи Аврупо рафта истодааст. Украина бо чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо ҳамсарҳад аст. Ва мо ба ин кишвар кумак мекунем, аз ҷумла силоҳ медиҳем, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо эълон шуд", - иқтибос оварда шудаст аз суҳбати Бон бо шабакаи радиоии "Europe 1".
Вай далели кумак ба Украинаро дар он гуфтаст, ки ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор гирифтасту дар ин миён амнияти Иттиҳоди Аврупо низ матраҳ аст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 27 феврал вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои кумак ба артиши Украина созиш намуданд. Аз ҷумла таъминоти силоҳи беш аз 450-миллиондолларии Украина ва таҷҳизоти низомӣ бо арзиши 50 млн. доллар ба ин кишвар таъйид шудааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода мешавад.