ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Фурудгоҳи Екатеринбург ба далели номусоидии обу ҳаво натавонист чанд ҳавопайморо қабул кунад, онҳо дар Челябинск фуруд омаданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бандари ҳавоӣ.
Дар миёни ҳавопаймоҳое, ки ба фурудгоҳи алтернативӣ интиқол дода шуданд, хатсайри У6 8958 бо мусофирон аз Душанбе ҳаст.
Ба сабаби ҳавои номусоид дар фурудгоҳи Колтсово, фурудгоҳи байналмилалии ба номи Курчатови Челябинск мусофирони тоҷикро қабул кард.
Тибқи иттилои таблои фурудгоҳи Колтсово, парвози Душанбе феълан дар ҳолати интизорӣ қарор дорад. Вақти тахминии расидан ба Екатеринбург соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ гуфта мешавад.
Илова бар ин, боз ду парвози дохилӣ аз Сочи ва як парвозӣ аз Шарм-уш-Шайх, Иркутск, Красноярск ва Новокузнетск низ бояд ба ҷои Екатеринбург ба Челябинск равона карда шаванд.
Гуфта мешавад, ки бар асари фаромадани меғи ғафс ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Колтсово низ иҷозаи парвоз надоранд. Баъзе мусофирон дар дохили ҳавопаймоҳо мунтазири парвоз ҳастанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Русия аз 14 март шумораи парвозҳои мунтазамро ба 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, афзоиш медиҳад.
Ҳоло Тоҷикистону Русия ҳаракати ҳавоиро ба ҳамон андозае, ки қабл аз пандемияи коронавирус буд, пурра барқарор кардаанд.
Акнун дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз сурат мегирад.