Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кремл иқдоми Аврупо алайҳи Русияро аз рӯи дӯстӣ намедонад

Кремл мегӯяд, иқдоми Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия дар Украина бори дигар собит месозад, ки амалиёти пиёдашуда дуруст аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия мавқеъгирии бадхоҳона дорад ва ба иқдоми душманона даст зада истодааст, изҳор дошт сухангӯи Кремл Дмитрий Песков.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия тасмими интиқоли силоҳ ба Украина аз сӯйи Аврупоро иқдоми душманонаи Иттиҳоди Аврупо хондааст.

"Таъминоти аслиҳаю лавозимоти ҷангӣ ба Украина, аз нигоҳи мо, метавонад вазъро хеле хатарнок кунад ва омили нооромсозанда бошад. Ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба субот дар Украина ва таъмини тартибот дар дурнамо мусоидат нахоҳад кард", - изҳор дошт Песков.

Ӯ ҳушдор дод, чунин таъминоти аслиҳа метавонад хатарҳои зиёде дар пай дошта бошад. Намояндаи Кремл таъкид намуд, ки ин иқдом бори дигар дурустии амалиёти Русия дар Украина барои ғайринизомӣ сохтани ин қаламравро собит месозад.
"Ин бори дигар нишон медиҳад, ки Русия дар татбиқи он чораеҳо, ки ҷараён доранд, ҳақ буд, бахусус дар ҷиҳати ғаринизомисозии кишваре, ки майл ба зӯргӯӣ дар нисбати ҷумҳуриҳои Донетску Луганск дорад", - гуфт Песков.
Чин мухолифташро ба хуруҷи бонкҳои Русия аз SWIFT баён дошт
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.