ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба гуфтаи ин мақомҳо, ин афрод ба гунаи қонунӣ аз марзҳои Ҳироту Нимрӯз барои кор ба Эрон мераванд, иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба “TOLOnews”.
Ҳумоюн Ҳиммат, муовини комиссари Исломқалъа гуфт, онҳое, ки ба таври қонунӣ ба Эрон мераванд, дар як рӯз ҳудуди 2000 то 2500 ҳазор нафар ва онҳое, ки аз Эрон ба Афғонистон меоянд, ҳудуди 1000 нафар ҳастанд.
“Ба гунаи қонунӣ аз марз аз 500 то 1000 рӯзи чоршанбе интиқол дода шудааст”, - гуфт Муҳаммад Ҳошим Ҳанзуллоҳ, комиссари марзбонии Нимрӯз.
Дар ҳамин ҳол онҳое, ки ба Эрон мераванд, мегӯянд, бо мушкилот ва чолишҳои шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва маҷбур шудаанд, кишварро тарк кунанд.
Фарҳоди Солтонӣ, як сокини Ҳирот гуфт, ӯ бекор аст, чанд моҳ боз кор намекардааст. “Бекорам ба ҳамин хотир ба Эрон меравем”.
Султон Мир, як сокини Форёб гуфт: "Дар Афғонистон тиҷорат нест, ҳаво сард аст, мо барои пайдо кардани кор ба Теҳрон меравем".