Пидром: Бовар ба Амрико иштибоҳи бузург аст

Роҳбари Ҳизби кунгураи милии Афғонистон бо ишора ба таҳаввулоти Украина изҳор дошт, ки эътимод ба империализм ва дар раъси он Амрико иштибоҳи бузург аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Абдуллатифи Пидром, роҳбари Ҳизби кунгураи милии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ дар вокуниш ба нооромиҳо дар Украина навишт: “Боварӣ ба империализм бо раҳбарии Амрико иштибоҳи бузург аст, иштибоҳе, ки ҳар бор такрор мешавад. Як намунааш Афғонистон ва ҳоло Украина аст”.
Ба иттилои Sputnik Афғонистон, Абдуллатиф Пидром қаблан гуфта буд, ки "ишғолгарон ва мустамликадорон аз мо ва минтақаи мо ба осонӣ таслим намешаванд. Неолиберализм, ки Иёлоти Муттаҳида нӯки пайкони он аст, дастандаркори буҳронсозиҳои судҷӯёна дар ҷаҳон ва бавижа минтақаи ва ҳавзаи тамаддунии мост”.
"Newsweek": Путин ҳеҷ гоҳ мағлуб нашудааст
“Бояд ҳушёр бошем, ки адолатхоҳии иҷтимоӣ ва инсонӣ ва табақотиро бо эълом кардани мавзуоти фаръии мубориза алайҳи истисмор ва ишғолгарӣ ба ҳошия наронанд”, - гуфт ӯ.
Пидром ба талошҳои Вашингтон барои эҷоди буҳрон дар Афғонистон таъкид карда буд: "Бо назардошти ҷиддии вазъ ва нақшаҳои даҳшатноки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар минтақа мо бояд ҳушёр бошем".