Коршинос: Доллар дар як муддати кӯтоҳ то 120 рубл боло меравад

Коршинос Верников мегӯяд, доллар метавонад дар сурати мунҷамид шудани дороиҳои бонкии Русия то 120 рубл боло равад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар сурати боздоштани дороиҳои бонкҳои Русия қурби доллар метавонад то 100-120 рубл боло равад, аммо пас аз як ҳафта арзиши доллар боз ба 85 рубл баробар мешавад. Дар ин бора Андрей Верников, раиси бахши таҳлил ва омӯзиши сармоягузорӣ ба РИА "Новости" хабар додааст.
Рӯзи панҷшанбе Бонки марказии Русия эълон кард, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори молӣ тасмим гирифтааст, ба мудохила дар бозори асъор шуруъ кунад. Пас аз поин рафтани қурби рубл, субҳи ҳамон рӯз, ки як доллар ба 89,6 рубл ва евро ба 99,99 рубл расид, барои ба эътидол овардани вазъ чорандешӣ сурат гирифт.
Уфти шадиди қурби рубл дар Тоҷикистон: дар як рӯз то чор сомонӣ поин рафт
Дар натиҷа муомилот бо нархи 85,25 рубл барои як доллар ва 95,21 рубл барои як евро баста шуд.
"Доллар метавонад 100 ва 120 рубл арзиш дошта бошад, зеро бадтарин чиз на SWIFT, балки яхбандии дороиҳои Русия аст. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ қадар аз дороии асъори хориҷӣ яхбандӣ мешавад. Дар назари аввал 35%, баъдан Бонки марказӣ меъёрро то 13-14% боло мебарад, пас аз як ҳафта боз қимати як доллар ба 85 рубл бармегардад", - гуфт Верников.
Тавре шабакаи телевизионии NBC қаблан хабар дода буд, Ҷамъияти ҷаҳонии телекоммуникатсияи молиявии байнибонкии SWIFT бо кишварҳои аврупоӣ барои дарёфти тафсилот дар бораи он объектҳое дар Русия, ки алайҳи онҳо бояд таҳримҳои нав татбиқ карда шаванд, ҳамкорӣ мекунад ва пас аз як "фармони қонунӣ" барои иҷрои қарори Аврупо омодагӣ мегирад.
Қаблан кобинаи Олмон эълом карда буд, ҳама бонкҳои Русия, ки аллакай таҳти таҳримоти ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд ва дар сурати зарурат дигар бонкҳои Русия аз SWIFT хориҷ хоҳанд шуд.