Кохи Сафед: Амрико ва НАТО Русияро таҳдид намекунанд

Кохи Сафед баъд аз фармони раисҷумҳури Русия дар бораи омодагии нерӯҳои стратегӣ эълон карданд, ки Амрико ва НАТО Русияро таҳдид намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Кохи Сафед эълон кард, ИМА ва НАТО Русияро таҳдид намекунанд. Ин изҳорот дар вокуниш бар он аст, ки раисҷумҳури Русия дастур дод, нерӯҳои стратегӣ ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд.
Ба гуфтаи Кохи Сафед, ин тасмимҳо дар асоси таҳдидҳое гирифта шудаанд, ки вуҷуд надоранд.
Фармон ба Вазорати дифоъ дар бораи гузаронидани нерӯҳои стратегӣ ба реҷаи махсуси ҷангӣ рӯзи якшанбе аз тарафи раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли артиши Русия Валерий Герасимов эълон карда шуд.
Кохи Сафед рӯзи музокироти Русия ва НАТО-ро гуфт
Владимир Путин тавзеҳ дод, ки на танҳо таҳримҳои иқтисодии "ғайриқонунӣ" алайҳи Русия ҷорӣ, балки изҳороти ғайриқобили қабул аз ҷониби мақомоти НАТО содир мешаванд.
"Нерӯҳои стратегӣ барои мағлуб кардани таҷовузгарон, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ мебошанд", - омадааст дар сомонаи Вазорати дифои Русия.