Замини сӯхта: оқибати даҳшатбори сӯхторҳои табиӣ дар Аргентина - акс

Дар музофоти Корриентес, шимолу ғарбии Аргентина дар натиҷаи сӯхтор беш аз 500 ҳазор гектар наботот нобуд шуд. Сӯхтор ҳанӯз дар моҳи январ ба амал омада, мазореи хоҷагии қишлоқ ва чорворо нобуд кард. Оқибати даҳшатбори сӯхтор дар гузориши Sputnik Тоҷикистон
Sputnik
1 / 11

Оташнишон дар талоши хомӯш кардани сӯхтори даҳшатбор дар ҷангали Корриентеси Аргентина.

2 / 11

Манзараи оташсӯзии ҷангал, ки беш аз 500 000 гектар дар музофоти шимолии Корриентес паҳн шудааст. Акс бо дрон гирифта шудааст.

3 / 11

Лошае пас аз сӯхтори ҷангал, дар наздикии Санто-Томеи музофоти Корриентеси Аргентина.

4 / 11

Марде пас аз оташсӯзие, ки беш аз 500 000 гектарро фаро гирифтааст, аспи худро аз байни заминҳои сӯхта мегузаронида. Ҷангали Корриентеси Аргентина.

5 / 11

Дар ҷангали Корриентеси Аргентина, 15 феврали соли 2022 сӯхтори шадид сар зад, ки беш аз 500 000 гектарро фаро гирифт. Акс бо дрон гирифта шудааст.

6 / 11

Ҷасади чорво пас аз сӯхтори ҷангал, дар наздикии Санто-Томеи музофоти Корриентеси Аргентина.

7 / 11

Намои дарвоза, ки замоне макони голзании футболбозон буд пас аз сӯхтор.

8 / 11

Сӯхторнишон ҳангоми мубориза бо оташсӯзии даҳшатбор.

9 / 11

Мӯрчахӯре, ки ҳангоми сӯхтори ҷангал осеб дидааст, аз ҷониби байторҳо дар Маркази ҳифзи Агуара дар Пасо де ла Патриа, музофоти Корриентес, Аргентина табобат мегирад.

10 / 11

Байтор ангуштони маймунеро, ки ҳангоми сӯхтори ҷангал осеб дидааст, дар Маркази ҳифзи табиати Агуара дар Пасо де ла Патриа, музофоти Корриентес, Аргентина, аз назар мегузаронад.

11 / 11

Замини сӯхта пас аз оташсӯзии беш аз 500 000 гектарӣ дар Корриентеси Аргентина.