ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Владимир Жириновскийро, ки бо гирифтории сангин ба коронавирус дар беморхона бистарӣ шуд, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст намуданд.
Инчунин бо истифодаи доруҳои махсус сиёсатмадорро ба ҳолати хоби сунъӣ овардаанд, навиштаанд расонаҳои Русия.
Расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст. Дар хадамоти матбуоти Ҳизби либерал - демократии Русия ба РИА "Новости" гуфтаанд, ки ин маълумот беасосанд.
"Вазъияташ муътадил мебошад, хабарҳо дар мавриди бад шудани вазъи саломатияш воқеӣ нестанд", - шарҳ доданд вазъи саломатии Жириновскийро дар ҲЛДР.
Ахиран раиси Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов дар ҷаласаи парлумон аз вазъи Жириновский гуфта, таъкид намуд, ки рӯй ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ беҳбуди саломатии раиси Ҳизби либерал-демократиро таъйид намуда афзуд, ки Жириновский мехост баромад кунад, аммо "пизишкон ба ӯ иҷоза надоданд".
Бар асари бемории коронавирус Жириновский рӯзи 2 феврал ба яке аз клиникаҳои Маскав интиқол ёфт.
Ҳамон замон дар расонаҳо маълумоте пайдо шуд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад ва гирифтори илтиҳоби шуши дутарафа аст. Гуфта мешуд, ки аз 30 то 75%-и шуши сиёсатмадор гирифторӣ беморӣ шудааст.