Раҳмон ба кӯдакони ятими ВМКБ туҳфа фиристод

Туҳфаҳоро муовини раиси Ҳизби халкии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба кӯдакон тақдим кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони имконияташон маҳдуди ВМКБ туҳфа фиристод.
Ҳамин тавр ба шогирдони ташкилоти ҷамиятии "Маркази НУР" дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва филиали Муассисаи давлатии "Литсейи касбии махсуси маъюбон" дар ноҳияи Рўшон либос ва пойафзоли гарми зимистона тақдим гардид.
Туҳфаҳо ба 31 нафар донишҷӯи ин муассисаи махсус дастрас шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ҳамчунин ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон ба номи Додихудо Карамшоев дар Рӯзи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи кишвар кумаки навбатии маводи ғизоӣ, аз қабили орду биринҷу рӯған, шакар, пиёзу картошка, гӯшт ва дигар номгӯи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳаҷми 2,5 тонна дастрас гардидааст.
Мирзонабот назари президентро дар бораи вазъият дар ВМКБ баён дошт
Муассиса соли 2010 бунёд гардида, дар он 170 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 33 омӯзгор ва 15 муарббӣ ба фарзандони зодаи истиқлол таълим медиҳанд.
Хайринисо Юсуфӣ гуфтааст, ки президент дар ҳама мулоқот ва суханрониҳояшон ин қишри ниёздоштаи ҷомеаро пайваста дастгирӣ намуда, шахсони саховатпеша ва соҳибкоронро ба корҳои хайру эҳсонкорӣ ҳидоят менамояд.
Роҳбарияти вилоят ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешайвони бино бо устодону хонандагони муассисаи таълимӣ мулоқот намуданд.