Дар Русия ба хориҷиён иҷозат медиҳанд, ки худро мустақилона сабти ном кунанд

Сабти ном барои шаҳрвандони хориҷӣ осон мешавад, акнун хориҷиён мустақилона метавонанд сабти ном шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тавассути портали Хадамоти давлатӣ ё замимаи мобилии он мустақилона дар маҳалли будубошашон дар Русия сабти ном шаванд.
Дар ин бора ТАСС бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.
"Айни замон лоиҳаи қонун таҳия шудааст, ки имкон медиҳад, шаҳрвандони хориҷӣ тавассути "Госуслуги" ё замимаи мобилии он мустақилона дар мақомоти ҳудудии ВКД дар бораи маҳалли зисташон хабар диҳанд. Ҳамзамон муҳим аст, ки онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд", - гуфт мусоҳиби агентӣ.
Дар Русия қонуни нав қабул мешавад, ки ҳузури муҳоҷиронро осон мекунад: чӣ гуна қонун?
Ба иттилои манбаъ, дар ҳама ҳолатҳои сабти ном қабулкунандаи шаҳрванди хориҷӣ дар давоми се рӯзи корӣ бояд аз ҷониби кормандони ВКД огоҳ карда шавад.
"Агар маълум шавад, ки соҳибмулк шаҳрванди хориҷиро бо манзил таъмин накардааст, он гоҳ ҷинояткор то ихроҷ аз Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад", - афзуд ӯ.
Чунин тағйирот ба беҳтар шудани сифати хадамоти бақайдгирии муҳоҷират, роҳаттар кардани он, инчунин коҳиш додани хароҷоти меҳнати кормандони мақомоти сабти ном мусоидат мекунад.
Илова бар ин ин бояд мавориди сабти номи қалбакии муҳоҷирати хориҷиёнро коҳиш диҳад, гуфт манбаъ.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буданд, ки дар соли гузашта ҷиноятҳои марбут ба сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ камтар шудааст.
Шаҳрвандонро барои сабти номи қалбакии муҳоҷирон аз 100 ҳазор то 500 ҳазор рубл ҷарима ва ҳамчунин то се соли зиндон таҳдид мекунад.