ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Президент Владимир Зеленский дурӯғ мегӯяд, ки омодааст, бетарафии Украинаро баррасӣ кунад.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров иттилоъ дод, менависад РИА "Новости".
Ба гуфтаи ӯ, НАТО барои мутеъ кардани шарқи кишвар ба Украина хеле "пеш рафт".
"Русия ғайринизомисозии Украинаро таъмин хоҳад кард. Русия ба истиқлоли мардуми Украина манфиатдор аст", - гуфт вазир.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Зеленский омодагии худро барои музокирот бо Русия дар бораи мақоми бетарафӣ эълон кардааст.
Соли 2014 Украина Қонун дар бораи лағви мақоми ғайриблокии кишварро қабул кард, ки дар қонун асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ сабт шудаанд. Тобистони соли 2020 стратегияи нави сиёсати хориҷӣ қабул шуд.
Ба гуфтаи Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, ин санад мақоми ғайриблокии давлатро истисно мекунад, зеро яке аз самтҳои сиёсати хориҷии ин кишвар, мувофиқи стратегия, хоҳиши узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО мебошад.
Рӯзи 24 феврал президенти Русия Владимир Путин дар бораи баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод.
Вай итминон дод, ки нақшаи Маскав ишғоли Украина набуда, балки ғайринизомӣ кардани он аст.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва артиллерӣ анҷом намедиҳанд: танҳо инфрасохтори ҳарбӣ аз силоҳҳои дақиқзан аз кор бароварда мешаванд ва ҳич чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.