ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дуюмин соҳаи калонтарини иқтисоди Тоҷикистон баъд аз саноат — кишоварзӣ ҳамаи душвориҳоро бомуваффақият бартараф карда, нишондиҳандаҳои худро баланд мебардорад.
Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини раиси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар чорчӯби ҳамоиши байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар Душанбе изҳор дошт.
"Ба он (кишоварзӣ - шарҳ аз идора) 4 ҳиссаи ММД-и кишвар рост меояд. Дар давраи пандемияи корона бахши кишоварзӣ на танҳо ба буҳрон тоб овард, балки тамоюли афзоиши беш аз 6%-ӣ нишон дод", - қайд кард Нигина Анварӣ.
Ба гуфтаи вай, сол то сол мизони интиқоли меваю сабзавот ба бозорҳои кишварҳои ИДМ афзоиш меёбад. Имкони содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия махсусан таъкид шудааст.
Вай ҳамчунин иқлими мусоиди Тоҷикистонро қайд кард, ки имкон медиҳад, дар як сол то се ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Ин имкони содиротии кишварро афзоиш медиҳад.
Дар мавриди рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ байни кишварҳо Нигина Анварӣ аз имконоти вилоятҳои Самара ва Челябинск дар истеҳсоли ғалладона ва зироатҳои равғанӣ ёдовар шуда, ба дурнамои ҳамкориҳо дар ин хусус таъкид кард.
Ба гуфтаи муовини вазир, Тоҷикистон ба омӯзиш аз ҳамкасбони рус ва сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ манфиатдор аст.
"Айни замон дар низоми кишоварзӣ низоми соддакардашудаи андозбандӣ татбиқ карда мешавад", - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон воситаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ ва моҳӣ, тухмӣ, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ барои бунёди гармхонаҳо ва ҳамчунин бахши коркарди пахта аз пардохти боҷи гумрукӣ ва як қатор навъҳои андоз озод шудаанд.
Нигина Анварӣ пешниҳод кард, ки ҷуғрофиёи ярмаркаҳои Тоҷикистон дар саросари Русия густариш ёбад.