Таъйини генерали барканоршуда аз ВМКБ ба мақоми таъмингари бехатарии ҳаракати президент

Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода аз масъулини таъмини бехатарию тартибот дар масири ҳаракати президенти Тоҷикистон таъйин гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Генерал Рустам Мирзомуродзода, ки аз роҳбарии мақомоти умури дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардид, дар воҳиди махсус истихдом шуд.
Ба иттилои ВУД, дар мувофиқа бо президент Рустам Мирзомуродзода ба вазифаи муовини аввали сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Ин воҳиди махсус ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони баландпояи Тоҷикистон машғул мебошад.
Роҳбарии ин воҳидро полковник Самариддин Абдуллозода ба уҳда дорад.
Ҳамидзода ба ҷойи Назарзода: сардори нави Раёсати ВКД дар Душанбе кист?
Таъйини Мирзомуродзодаи 52-сола ба ин мақом дар ҳолест, ки ӯ фаъолияташро низ дар мақомоти умури дохилӣ аз вазифаи нозири хадамоти роҳбонию дидбонии вилояти собиқи Кӯлоб оғоз намудааст.
Бар асоси ҳолнома, Мирзомуродзода баъдан дар мақомоти БДА дар Хатлон, гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм ва Душанбе кор кардааст. Ӯ аз моҳи майи соли 2020 то 24 феврали соли равон сардори РВКД дар ВМКБ буд.
Дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти ахири кадрӣ дар мақомоти умури дохилӣ сардори нави Раёсати умури дохилӣ дар ВМКБ генерал Шариф Назарзода таъйин шудаст. Назарзода то ҳол роҳбарии мақомоти умури дохилӣ дар Душанберо ба уҳда дошт.