Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия омодааст, бо Украина дар сатҳи олӣ гуфтушунид кунад

Қаблан раисҷумҳури Украина аз президенти Русия хоста буд, сари мизи музокирот нишинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи ҷумъа гуфт, Русия омодааст, бо Украина дар сатҳи олӣ музокира кунад.
Ба гузориши РИА "Новости", кишвардори Русия имрӯз бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

"Русия омодааст, бо Украина дар сатҳи олӣ музокира кунад", - гуфтааст Путин.

Қаблан раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз Путин хоста буд, ки сари мизи музокирот нишинад.
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Зеленский дурӯғ мегӯяд, ки омодааст, бетарафии Украинаро баррасӣ кунад
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунад
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.