Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Ба мо интихоби дигар нагузоштанд": Матвиенко аз амалиёти вижаи Русия дар Украина гуфт

Раиси Шӯрои Федератсия дар бораи амалиёти махсуси низомии Федератсияи Русия сухан гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Солҳои ахир Федератсияи Русия хостори ҳалли низоъ дар Украина бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, сари мизи музокирот нишастан ва қатъи хунрезӣ шудааст.
Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия зимни суханронӣ дар Анҷумани байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар робита ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар Душанбе гуфт.
Вай аз талафоти зиёди ғайринизомиён бар асари тирборон кардани шаҳракҳои вилояти Донетск аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина, сарпечии мақомоти украинӣ аз ҳалли мусолиматомези вазъ тибқи созишномаҳои Минск ёдовар шуд.
"Аммо ҳокимони кунунии Украина бо ҳомиёни худ аз Ғарб роҳи дигарро интихоб карда, амалиёти мусаллаҳонаи худро шадидтар кардаанд", - афзуд ӯ.
Матвиенко ёдовар шуд, ки ахиран Украина бо истифода аз тӯпхонаҳои сангин, миномётҳо, норинҷакандозҳо ва танкҳо тирборонкуниро афзоиш дод, ки дар миёни мардуми осоишта талафот дида мешавад.
"Дар ин шароит бо назардошти озодии иродаи сокинони ҷумҳуриҳо тасмим гирифта шуд, ки ҶМЛ ва ҶМД ба расмият шинохта шаванд. Федератсияи Русия амалиёти низомӣ барои таҳкими сулҳ, поёни низомисозӣ дар Украинаро эълон кард. Ба мо интихоби дигар намонданд", — таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин интихоби осон нест, аммо ин ягона роҳи боздоштани ҷанги бародаркуш, имкони наҷоти сулҳ ва ҷони мардуми осоишта аст.
Ӯ гуфт, вақтҳои охир ҷаҳон дар баробари таҳдидҳои анъанавӣ ба чолишҳои хатарноктаре дучор шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия: Артиш ба шаҳрҳои Украина зарба намезанад
"Ҷаҳон аз даврони иттилоот ба даврони маълумоти бардурӯғ гузаштааст. Ин давра барои ба таври сунъӣ боло бурдани танишҳои сиёсати хориҷӣ, бо истифода аз фишангҳои фишори иқтисодӣ, на танҳо ҷангҳои иттилоотӣ, балки низоъҳои мусаллаҳонаи хунин заминаҳои мусоид фароҳам кардааст”, - гуфт Матвиенко.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМЛ ва ҶМД-ро ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”.
Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд ва танҳо бо ҳадафи аз ҳолати низомисозӣ берун овардани ин кишвар амалӣ мешаванд.