ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд.
Убайдулло Обидов, сардори Раёсати минтақаии КВД “Роҳи оҳан” дар вилояти Суғд гуфт, давоми соли гузашта 3357,2 ҳазор тонна бор ва 7,8 ҳазор мусофир тавассути роҳи оҳан кашонида шудаанд, ки ин аввалӣ дар муқоиса ба як соли пеш (2020) ба 93,2 дарсад ва баъдӣ ба 94 дарсад баробар аст.
“Дар ин давра 10407 қатора аз тариқи вилоят бор интиқол дода ва дар ҳудуди вилоят 47741 қатора бор холӣ кардаанд, ки ин мутаносибан ба давраи соли 2020, 87,3 ва 95 дарсад ро ташкил медиҳад” - иброз намуд, сардори “Роҳи оҳан”.
Дар умум 108281 тонна маҳсулоти кишоварзӣ тавассути қатораҳо содир шудааст, ки дар қиёс ба соли 2020 31413 тонна зиёд гуфта мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра умдатан маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Аз ҷумла 32 930 тонна меваи хушк, 66 544 тонна пиёз, 868 тонна сабзавот, 439 тонна мева ва 7500 тонна нахи пахта тавассути қатораҳо ба хориҷ аз кишвар содир шудааст.
Масъулони идораи “Роҳи оҳан”-и минтақаи Суғд коҳиши ҳаҷми борбариро ба камшавии убури қатораҳои тронзитӣ рабт медиҳанд. Вале баъзе аз соҳибкорон мегӯянд, зиёд шудани мошинҳои боркаш (фура) ҳоло рақобатеро дар ин соҳа ба вуҷуд оварда ва ин омил дар умум ба коҳиши интиқоли бор тавассути КВД “Роҳи оҳан” таъсир расонидааст.
Соли 2021 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 5 миллиону 681,1 ҳазор тонна бор ва 443,8 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли 2020 барномаи борбарӣ 90,2 дарсад ва мусофирбарӣ 102 дарсад иҷро шудааст.
КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” соли сипаригардида низ ҷиҳати ҳавасмандии соҳибкорон ва зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30 дарсад то 90 дарсад ва барои мусофирон дар самти дохилӣ 60 дарсад сабукӣ пешниҳод намудааст.
Даромади КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар умум ба 636,4 млн. сомонӣ баробар шуда, 103 дарсадро ташкил мекунад.
Аз ҳисоби мусофирбарӣ бо сабаби мувақатан қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо дар масирҳои байналмилалӣ корхонаи КВ “Мусофирбарӣ”-и "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон дар ин давра 57,1 млн. сомонӣ зарарӣ молӣ дидааст. Новобасат аз ин музди меҳнати кормандон 35,2 дарсад афзудааст.
Бар пояи иттилои идораи нақлиёти вилояти Суғд, дар ин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ 26481, 8 тонна бор ва 225094,1 ҳазор мусофир бурда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2020 мутаносибан ба 115,7 дарсад ва 114,8 дарсад баробар аст. Аз ин миқдор 810, 6 ҳазор тонна бори байналмилалӣ гуфта мешавад.