Баррасии эътирофи шаҳодатномаи ваксинагирӣ дар қаламрави ИДМ

Тасмим гирифта шудааст, ки эътирофи шаҳодатномаи ваксинагирии тарафайн дар заминаи замимаи телефонии "Сайёҳати бе COVID-19" сурат гирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Гурӯҳи кории махсуси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тартиби эътирофи сертификати ваксинагирии тарафайнро таҳия мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, пешниҳодҳо дар ин бора ахиран зимни ҷаласаи гурӯҳӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар ин ҳамоиш аз тариқи видеоӣ намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Масъулини Арманистон, Беларус ва Молдова изҳор доштанд, ки сертификатҳои кишварҳои дигарро бидуни бастани созишномае эътироф мекунанд. Таъкид шудааст, ки эътирофи санади ваксинагирӣ дар асоси созишҳои тарафайн ва табодули ёддоштҳо низ амалӣ мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишкон муайян намуданд, ки чӣ чиз боиси марги гирифторони коронавирус мешавад
Иштирокдорон ҷонибдорияшонро барои истифодаи замимаи мобилии "Сайёҳати бидуни COVID-19" баён доштаанд. Мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ дар мавриди эътирофи тарафайни сертификати ваксинагирӣ моҳи апрели соли равон таъйин шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол дар ҷумҳурӣ беш аз 5 миллион нафар аз аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд. Таъкид шудааст, ки ин 89,4 %-и аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Вояи дуюми ваксинаро 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар ё 76,6 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.