Акнун аз Ғарб чиро бояд интизор шуд?

Ҳанӯз қабл аз оғози амалиёти низомӣ танҳо барои эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск Русия аллакай аз кишварҳои ғарбӣ бастаи таҳримҳо дарёфт карда буд. Ин як навъ мантиқӣ буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik, Виктория Никифорова. Ба назари шарикони ғарбии мо, Русия набояд русҳоро наҷот диҳад. Русҳо бояд дар таҳхонаҳо нишинанд ва зери бомбаҳо бимиранд. Ва агар Русия ба дифои онҳо биёяд, пас бояд муҷозот шавад.
Аз ин ҷост, ки таҳримҳои Амрико алайҳи қарзи соҳибихтиёри Русия рӯйи кор омада, олмониҳо қатъи сертификатсияи “Маҷрои шимолӣ-2”, тахрибкории ҳадафмандона алайҳи бонкҳо ва ширкатҳои Русия, ки ҳатто ССКА-ро шомил мешавад, матраҳ карданд. Дар ҳоле ки ҳоло "дар ҷаҳон ҳанӯз аз ССКА беҳтар командае нест!".
Маълум аст, ки ҳоло, вақте ки ҳарбиёни рус лонаи фашистиро дар ҶСС Украинаи собиқ ғайринизомӣ мекунанд, шарикони ғарбӣ боз ҳам бештар хашмгин шудаанд. “Ҳай”-ҳои матбуоти беодоби ғарбӣ гӯшкаркунанда аст. "Ҳамла ба Киев!", "Муҳориба барои Чернобиль!". Чунин ба назар мерасад, ки ҳатто сарлавҳа дар бораи марги малика Дианаро рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” бо андозаи калон чоп накардааст. "Ҳозир охируззамон фаро мерасад!", - унвон гузоштааст “The Sun”. “Ҷанг нест!” унвоне аз матолиби “Мавҷи Олмон” аст.
Ғарб аз Украина даст кашид. Баъд чӣ?
Ин ҳама фаҳмост, мо дигар чизеро интизор набудем. Аммо биёед, ба таври мушаххас бубинем, ки шарикони ғарбии мо ба мо чӣ таҳдид мекунанд, зеро тасмим гирифтаанд, ки дар қаламрави Украинаи собиқ сулҳ барқарор кунанд. НАТО ваъда додааст, ки ҳузури худро дар Шарқ тақвият хоҳад дод. Аз чумла, дар ... Руминия. Не, ба ростӣ, ин хато нест. Контингенти иттифоқ дар Руминия ва эҳтимол дар назди Балтика зиёд карда мешавад.
Аммо, бубахшед, дар бораи Украина чӣ гуфтан мумкин аст? Аҳ, не. Он ҷо - не. Бубахшед. Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ Столтенберг расман изҳор дошт:
"Дар қаламрави Украина нерӯҳои НАТО вуҷуд ва нияти фиристодани онҳо низ ба онҷоро низ надоранд. Мо Украинаро дастгирӣ мекунем, вале мо кафолати амниятии қатъиро танҳо ба иттифоқчиёни НАТО медиҳем".
Ана тамом. Иттифоқчиён кафолати қатъӣ мегиранд, аммо Украина, маълум мешавад, на он қадар қатъист. Агар рӯирост гӯем, ин як навъ кафолати нарм аст. Барои чӣ лозим буд, ба аскарон ҷанги зидди русхо омӯзондан, ба аҳолии осоишта тақсим кардани автоматҳои чӯбин ва бадбинӣ барангехтан нисбат ба "маскаваиҳо"?
Расҷумҳури Амрико ва раҳбари НАТО низ таъйид карданд, ки тамоми фаъолиятҳои сарбозони амрикоӣ танҳо дар қаламрави кишварҳои НАТО сурат хоҳад гирифт. Онҳо ба Украина намераванд.
Ҳоло аз ҷиҳати иқтисодӣ. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон таҳдид кард, ки "иқтисоди Русияро хароб мекунад". Дороиҳои ВТБ дар Бритониё масдуд шуданд. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ваъда дод, ки "санксияҳои нав рушди иқтисодии Русияро суст мекунанд, таваррумро суръат мебахшанд, нархи қарзҳоро боло мебаранд ва ба тадриҷ пойгоҳи саноатии кишвари моро хароб мекунанд". Ҳатто президенти Чехия Милош Земан комилан ғайричашмдошт - талаб кард, ки "девона (манзур Путин аст)-ро дар инзивоъ қарор диҳанд” ва фавран Русияро аз SWIFT ҷудо кунанд.
Ҷо Байден ахиран таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русияро эълон кард. Чаҳор бонки Русия зери таҳрим қарор мегиран мегиранд, ки бузургтарини онҳо ВТБ аст. Маҳдудият дар содироти маҳсулоти технологӣ ба Русия эълон шудааст, ки бояд ба маҷмаи саноатии ҳарбӣ ва кайҳонии Русия таъсир расонад. Қатъи Русия аз SWIFT-ро Байден рад кард. "Чаро Путинро муҷозот накарданд?" — гуфт журналист баъди нутқи Байден. Президенти ИМА ба ин суол ҷавоб надод.
Ба далели адами ҳузури Русия дар ҷанг Ғарб Маскавро шикастхӯрда мешуморад
Ҳамаи чораҳои эълоншуда, албатта, метавонанд барои Русия нохушоянд бошанд. Аммо оё онҳо иқтисоди моро хароб мекунанд? Аз соли 2014 инҷониб мо бо таҳримҳои беист “тирборон” шудем. Дар кӯтоҳмуддат ҳам рад кардани Аврупо аз хариди карбогидридҳо ва ҳам қатъи муомилоти молиявӣ метавонад хеле ногувор бошад. Дар ояндаи наздик шубҳае нест, ки онҳо ба диверсификатсияи иқтисоди мо ва ба давраи нави боз ҳам калонтари ивазкунандаи воридот оварда мерасонанд. Ҳамаи ин омили саноатишавӣ мебошад.
Аммо дар мавриди шарикони ғарбӣ, махсусан шарикони аврупоии мо онҳо бо ин таҳримҳо на танҳо ба пои худ тир мепаронанд.
Дмитрий Медведев аллакай ба онҳо ба маблағи ду ҳазор евро газ ваъда кардааст. Аммо ин на танҳо афзоиши шадиди пардохтҳои коммуналӣ ва муфлисшавии азими шахсони воқеӣ аст. Ин инчунин як тармаи муфлисшавии фирмаҳо ва корхонаҳои аврупоӣ - куштори воқеии иқтисоди ИА мебошад. Қатъи Русия аз муомилот бо доллар ва евро эътимоди умумӣ ба ин асъорро коста хоҳад кард. Рад кардани содироти Русия ба истеҳсолкунандагони аврупоӣ аз истеҳсоли Русия ҳам бадтар хоҳад буд.
Аврупо ва ИМА дар чунин мавқеъ нестанд, ки иқтисодҳои кишварҳои дигарро пахш кунанд. Бубинед, ки шохисҳои Доу Ҷонс чӣ гуна ба таҳримҳо бархӯрд карданд. Он дар як рӯз 830 нуқта коҳиш ёфт. Имрӯз вазъи “Nasdaq” бадтар аз он аст, ки дар авҷи буҳрони молиявии соли 2008 буд. Саҳмияҳои “Meta” аз аввали сол 40% коҳиш ёфтанд, “Netflix” ҳам тақрибан чунин шуд, “Nvidia” ва “Tesla” чоряк баробар беқурб шуданд ва пас аз онҳо “Microsoft”, “Amazon”, “Alphabet” ба вартаи суқут мерасанд.
Албатта, матбуоти Ғарб моро итминон медиҳад, ки ин ҳама бинобар "таҷовузи Русия" аст. Аммо дар асл бозорҳо аз сиёсати таҳримҳои худкушӣ, ки элитаи ғарбӣ бо хушҳолӣ эълон мекунанд, дар табларза қарор гирифтаанд. Шарикони ғарбӣ метавонанд ба осонӣ ба суқути пурраи бозори саҳомӣ сабаб шаванд.
Ҳамаи инро дар Ғарб нагз мефаҳмад. Хабарнигори “Guardian” ҳоло аз Брюссел гузориш медиҳад, ки дар он ҷо намояндагони кишварҳои аврупоӣ таҳримҳои эҳтимолиро баррасӣ мекунанд. То ҳол дар он ҷо бесарусомонӣ зиёд аст. Италия, Олмон ва Қибрис мухолифи бархе аз таҳримҳо ҳастанд. Фаронсаву Олмон ин равандро суст мекунанд ва ба онҳо пешниҳод мекунанд, ки то он даме ки ИМА ва Бритониё аввалин шуда, таҳрим ҷорӣ кунанд, интизор мешаванд. Хулоса, касе мурдан намехоҳад.
Раванди путинҳаросӣ бар зарари Ғарб тамом мешавад
Ба ҷуз аз таҳримҳои иқтисодӣ аврупоиҳо омодаанд, чораҳои тарбиявии дорои хусусияти дипломатӣ роҳандозӣ намоянд. Масалан, палангҳои Балтик аллакай пешниҳод кардаанд, ки ба русҳо раводиди сайёҳӣ надиҳанд. Лаҳистон ҳам аз ҳамин қабил аст.
Ва бо ин дар маҷмуъ ҳимоят аз Украина тамом шудааст. Агар шумо аз берун назар кунед, ин, албатта, хиёнат аст. Элитаи Амрико ва Аврупои намунавӣ дар пеши назари тамоми аҳли олам хунтаи Киевро партофта истодааст.
Амалиёти артиши Русияро метавон ҷанги рӯзҳои истироҳат номид. Аммо ин аслан ҷанг нест. Ин миссияи классикии мухофизати сулҳ аст. Барои аҳолии осоишта хавфе нест. Ва он чизе ки хос аст, ин аст, ки амалан дар Украина ҳеҷ кас намехоҳад аз режими Киев дифоъ кунад.
Артиллерияи Русия имрӯз на танҳо инфрасохтори низомиро дар қаламрави Украина, балки тамоми идеяи зидди Русияро нест мекунад. Ин консепсияи ихтироъкардаи Вашингтон ҳеҷ гоҳ дастгирии воқеии оммавӣ надошт. Вайро ба устодони амрикоиаш мисли ороиши бад рангкардашуда нишон медоданд. Ҳоло ин ороишро вайрон карда истодаанд. Ва халқи озодшудаи Украина ниҳоят имкон пайдо мекунад, ки тақдири худро худаш интихоб кунад.
Ин барои бисёр дигар мамлакатҳои Европа низ ҳушдори хуб аст. Озодӣ наздик аст. Мо меоем.