Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Маълум шуд, чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шудааст: омори тоза

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори эмгузаронӣ дар ҷумҳуриро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 5 миллион нафар аз аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тариқ то 23 феврали соли 2022 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуд, ки 89,4 фоизи аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Вояи дуюми ваксинаро 4 миллиону 288 ҳазору 826 нафар ё 76,6 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон аллакай эмкунии такрорӣ алайҳи коронавирус оғоз шудааст.
Гирифтани вояи сеюми ваксина аз кормандони соҳаи тиб оғоз шуд.
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
То кунун тақрибан 2,3 ҳазор табиб алайҳи коронавирус вояи сеюмро гирифтааст. Пас аз табибон шаҳрвандони аз 60-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи иловагии дору барои COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Раисҷумҳури кишвар низ дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ бо ишора ба мавҷи нави бемории сироятии корона супориш дод, ки раванди бо ваксина фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ вусъат дода шавад.
"Дастгоҳ надорем": Абдуллозода аз вуҷуди омикрон дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.