Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифои Русия: Артиш ба шаҳрҳои Украина зарба намезанад

Русия бо истифода аз силоҳҳои дақиқ инфрасохтори низомии Украинаро аз кор мемононад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ба аҳолии Украина хеҷ чиз таҳдид намекунад. Дар ин бора Вазорати дифои Русия иттилоъ медиҳад.
Вазорат қайд кард, ки артиши Русия бар зидди зерсохтҳои низомии Украина аз силоҳҳои дақиқзан истифода мекунад.
"Инфрасохтори ҳарбӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, аэродромҳои низомӣ, авиатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз кор мондаанд", — қайд кард Вазорати дифои Русия.
Дар ҳамин ҳол нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарбаи ҳавоӣ ё артиллерӣ намезананд, таъкид кард ин ниҳод.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ хабар дода буд.

"Вазъият аз мо тақозо мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешем. Ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат карданд", - таъкид кард сарвари ин давлат.

Вай қайд кард, ки нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо вай талош хоҳад кард, ки ин кишварро аз низомисозӣ дур нигаҳ дорад.
Путин амалиёти вижаи низомӣ дар Донбассро эълон кард
Қарор дар бораи гузарондани амалиёти ҳарбӣ мувофиқи моддаи 51, қисми 7-и Оинномаи СММ бо ризоияти Шӯрои Федератсия ва дар асоси шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ бо ҶМЛ ва ҶМД тасдиқ карда шудааст, қабул гардид.
Путин гуфт, ҳадаф аз амалиёти вижае, ки Русия анҷом додааст, ҳифзи афродест, ки тайи ҳашт сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифта буданд.
Ёдовар мешавем, 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМЛ ва ҶМД-ро расман ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.