Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Столтенберг: НАТО нияти нерӯ фиристодан ба Украинаро надорад

Намояндагони доимии НАТО масъалаи баста шудани дарёҳои Босфор ва Дарданеллро барои киштиҳои Русия баррасӣ накарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, НАТО нияти фиристодани нерӯ ба Украинаро надорад, менависад РИА "Новости".

"Дар қаламрави Украина нерӯҳои НАТО вуҷуд надоранд ва нақшаи фиристодани онҳо ба он ҷо низ вуҷуд надорад", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи вай, намояндагони доимии НАТО тасмим гирифтанд, нақшаи дифоъиро, ки дар давраи буҳрон дар кишварҳои узви ин блок ҷойгир кардани нерӯҳо пешбинӣ мекунад, барои ҳимояи иттифоқчиён истифода баранд. Дабири кулл афзуд, ки намояндагони доимии НАТО масъалаи бастани дарёҳои Босфор ва Дарданелро барои киштиҳои Русия баррасӣ накардаанд.
Субҳи рӯзи 24 фкврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, алайҳи Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом диҳад.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд."
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Як қисми низомиёни украинӣ ба сарбозони ҶМЛ пайвастанд
Ба гуфтаи Путин, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомотро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба Ватан баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ ва ҳавоӣ анҷом надодаанд. Вазорат итминон дод, ки мардуми осоишта дар хатар нест.
Иттилооти расонаҳои хориҷӣ дар бораи суқути ҳавопаймои русӣ дар фазои Украинаро Вазорати дифоъ рад кард.