Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин гуфт, Русия соҳибихтиёрии кишварҳои ИДМ-ро эҳтиром мекунад

Ба гуфтаи президенти Русия, пас аз пошхӯрии ИҶШС Русия воқеиятҳои нави геополитикиро қабул кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Русия соҳибихтиёрии кишварҳоеро, ки дар фазои пасошӯравӣ ташкил шудаанд, эҳтиром мекунад ва эҳтиром хоҳад кард.
Дар ин бора РИА "Новости" менависад.

"Пас аз пошхӯрии ИҶШС Русия воқеияти нави геополитикиро қабул кард. Мо ба ҳамаи давлатҳои навтаъсиси фазои пасошӯравӣ эҳтиром мегузорем. Мо соҳибихтиёрии онҳоро эҳтиром мекардем ва хоҳем кард", - таъкид кард Путин.

Раҳбари Русия қайд кард, ки мисоли ин гуфтаҳо ироаи кумак ба Қазоқистон дар ҳодисаҳои фоҷиабори моҳи январ аст, ки ин ҷумҳурӣ бо чолиш дар давлатдорӣ ва якпорчагии худ рӯ ба рӯ шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶМЛ: Низомиёни Украина аз ҷанг даст мекашанд
Бояд гуфт, президенти Русия ин суханҳоро зимни муоҷиат ба шаҳрвандони Русия дар робита ба роҳандозии амалиёти низомӣ дар Донбасс гуфт.
Президенти Русия Владимир Путин эълом кард, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ гузаронида мешавад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвараш ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ" тақозо дорад ва ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Дабири кулли СММ хостори қатъи фаврии низоъ дар Украина шуд
Мувофики моддаи 51, қисми 7, қарори СММ, дар асоси шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД-у ҶМЛ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ тасдиқ карда шудаанд, Шӯрои Федератсия дар бораи гузаронидани амалиёти низомӣ қарор қабул кард.