ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод мекунад, ки ҳаққи тағйири ҳадафи вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ бидуни хуруҷ аз кишвар дода шавад.
Дар ин бора сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова дар мусоҳиба бо ТАСС хабар додааст.
Ӯ қайд кард, ки механизми мушобеҳ дар кишвар дар давраи пандемия аллакай мавҷуд буд.
То ҳол чун қоида, шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ғайр аз ҳадафи эълоншудаи вуруд ба Русия фаъолиятеро анҷом диҳад.
"Агар имрӯз бояд шаҳрванди хориҷӣ барои тағйири ҳадафи вуруд ҳудуди Русияро тарк кунад, <...> лоиҳаи қонуни нав тағйир додани мақсади вуруд ва будубошро бидуни тарк кардани қаламрави Русия пешбинӣ мекунад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Казакова, дар давраи пандемия ин чора нисбати шахсоне татбиқ мешуд, ки бо мақсади шахсӣ вориди Русия шуда, баъдан ба далели набуди имкони берун шудан дар кишвар барои кор боқӣ монданд.
Лоиҳаи қонун имкони якҷо кардани якчанд ҳадафи будубошро муттаҳид мекунад. Илова бар ин хориҷиёне, ки дар Русия паноҳандагӣ ё мақоми иштирокчии барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон дарёфт кардаанд, бидуни тағйири ҳадафи будубоши худ метавонанд таҳсил ва кор кунанд.
"Ҳамчунин ба шаҳрванди хориҷӣ новобаста аз ҳадафи будубошаш дар Русия имкони сафарҳои туристӣ дода мешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ имрӯз ин корро мекунанд, мо танҳо он чизеро, ки имрӯз рух дода истодааст, қонунӣ мекунем", - афзуд Валентина Казакова.
Қобили зикр аст, ки ташаббуси қонунгузории Вазорати корҳои дохилии Русия дар доираи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират барои солҳои 2019-2025, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
Лоиҳаи қонун "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва будубош (иқомат)-и шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия" ҳоло дар ҳамоҳангии байниидоравӣ қарор дорад.