Ҳамидзода ба ҷойи Назарзода: сардори нави Раёсати ВКД дар Душанбе кист?

Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ идома дорад. Раисҷумуҳур сардори Раёсати ВКД дар Душанберо иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури Дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом додааст.
Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, тағйирот дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ сурат гирифтааст.
Манбаъ гуфт, Шариф Назарзода аз мақоми раҳбарии пулиси пойтахт озод ва ба мақоми раҳбарии Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар ВМКБ мунтасаб шуд.
Гуфта мешавад, ба ҷойи Назарзода ба вазифаи раҳбари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Ҳамидзода Бароталӣ Партов таъйин шудааст.
Ҳамидзода ба ин вазифа пас аз барканорӣ аз муованати ВКД расид.

Генерал Ҳамидзода Бароталӣ Партов кист?

Ҳамидзода Бароталӣ Партов – генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 16 ноябри 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Хидмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1989. Мукофотҳои хукуматӣ: "Ифтихорнома"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали "Ҷасорат".
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Президент сардори милисаи ВМКБ-ро барканор кард: ҷояшро кӣ гирифт?
Ӯ дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст: нозири Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шуъбачаи Хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини фармондеҳ дар умури техникии ШБДА, сардори шуъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, фармондеҳи баталони алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РКД-и ш. Душанбе, Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.