Гулӯлабори фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат бар чархболи толибҳо – видео

Як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер бар чархболи гурӯҳи толибон гулӯлаборӣ ва аз наздик шудани ин чархбол ба сангараш ҷилавгирӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Мухтор Вафоӣ, хабарнигори “Independent” дар саҳифаи "Рухнома"-аш бо интишори видеои гулӯлабори як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат бар чархбол гурӯҳи толибон навиштааст, ки вокуниши ҳасиби қувваи марказ аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар мувоҷеҳа бо чархбол гурӯҳи толибон, ки қасд дошт, бар қароргоҳ ӯ ҳамла кунад.
Бо фарорасии фасли баҳор толибон аз тарси ошӯби мардумӣ алайҳи ин гурӯҳ ба пойгоҳҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ҳамла карданд.
Бино ба гузоришҳо, то кунун дар ноҳияи Шутули Панҷшер 9 ҷангҷӯи толиб, аз ҷумла як фармондеҳи Қитаъаи сурх кушта шудаанд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки 1500 ҷангҷӯи толибон ба вилояти Бомиён фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо наздик шудани фасли баҳор гурӯҳи толибон аз тарси ошӯбҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз ошӯби мардум дар вилоятҳои шимол ва марказии Афғонистон нерӯи бештаре ба ин вилоятҳо эъзом кардаанд.