ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъан риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.
“Бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд”, - таъкид кардааст Вазорати хориҷа.
Ҳамзамон ВУХ иттилоъ додааст, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони кишвар метавонанд ба сафорати Тоҷикистон дар Украина аз тариқи хатти алоқаи доимии рақамӣ +380933361040 муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, Русия амалиёти низомии худ дар Украинаро оғоз кардааст. Расонаҳои русиву украинӣ ва расонаҳои дигари аврупоӣ аз ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Киеву Одесса хабар медиҳанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.