ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон табодули назар кардааст, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Душанбе.
Сабирӣ ҳамчунин афзуд, бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи баргузории шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон, ки қарор аст, 26 феврал то аввали март баргузор шавад, ройзанӣ анҷом доданд.
Сафорати Эрон иттилоъ додааст, ки дар шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар шаҳри Душанбе 50 ширкати эронӣ дар заминаҳои саноати маводи ғизоӣ, фӯлод, петрошимӣ, масолеҳи сохтмонӣ, лавозими хонагӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва кишоварзӣ, саноеи электрикӣ ва мухобиротӣ ширкат хоҳад кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки сафари раиси Эрон ба Тоҷикистон дар сентиябри 2021, ки бо истиқболи гарми мақомоти давлатии Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд, нуқтаи атф ва оғози фасли навин дар ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Теҳрону Душанбе аст.
Ёдоварӣ шудааст, ки дар ин сафар 8 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид, ки бо иҷрои онҳо таҳавуллоти хубе дар равобити ду кишвар эҷод мешавад.