ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба таври оммавӣ мавқеъҳои худро дар сангар тарк мекунанд.
Дар ин бора намояндаи расмии милитсияи Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск Иван Филипоненко хабар дод.
"Тибқи маълумоти иктишофии мо, ҳайати низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар тамоми хатти даргириҳо гурӯҳ-гурӯҳ аз итоат ба фармони фармондеҳ саркашӣ мекунанд ва мавқеъҳои худро тарк мекунанд", - гуфт ӯ рӯзи панҷшанбеи 24-уми феврал.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврали соли 2022 Русия истиқлоли ҶМД ва ҶМЛ-ро расман ба расмият шинохт ва сипас шартномаи дӯстӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба тасвиб расонд.
Пас аз чанд рӯз Владимир Путин, кишвардори Русия аз тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод ва қайд кард, ки “вазъият иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад”.
Илова бар ин президент таъкид кард, ки ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кӯмак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, нақшаҳои Маскав ишғоли қаламравҳои Украинаро дар бар намегиранд, аммо вай саъй хоҳад кард, ки ин кишварро аз ҳарбиён холӣ кунад.
Президенти Русия Владимир Путин эълом кард, ки дар Донбасс амалиёти вижаи низомӣ гузаронида мешавад. Дар як муроҷиати телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвараш ӯ гуфт, ки вазъият "амали қатъӣ ва фаврӣ" тақозо дорад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Мувофиқи моддаи 51, қисми 7, қарори СММ ва дар асоси шартномаҳои дустӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД-у ҶМЛ, ки аз тарафи Ассамблеяи Федеративӣ тасдиқ карда шудаанд, Шӯрои Федератсия дар бораи гузаронидани амалиёти низомӣ қарор қабул кард.