Байден таҳримҳои нави дандоншиканашро бар зидди Русия эълон кард

Раисҷумҳури Амрико таҳримҳои нав бар зидди Русияро эълон кард. Таҳримҳои Амрико бар зидди ду бонк, қарзи давлатӣ ва шахсони бонуфузи Русия ҷорӣ карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 фев - Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар паёми худ гуфт, Иёлоти Муттаҳида "қисми аввал"-и таҳримҳо бар зидди Русияро омода кардааст ва дар сурати ташдиди авзоъ дар атрофи Украина маҳдудиятҳои дигареро низ пиёда мекунад, иттилоъ додааст радиои Sputnik.

"Имрӯз ман қисми аввали таҳримҳоро эълон мекунам, ки Русияро маҷбур месозанд, барои амалҳояш пардохт кунад", - гуфт раисҷумҳури Амрико.

Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳо бо муттаҳидони ИМА ҳамоҳанг карда шудаанд ва "агар Русия боз амалҳояшро идома диҳад, таҳримҳоро шадидтар хоҳанд шуд".
Аз ҷумла мақомоти Амрико алайҳи қарзи давлатии Русия таҳрим ҷорӣ мекунанд.

"Ин маънои онро дорад, ки мо дасти Ҳукумати Русияро аз маблағгузории Ғарб қатъ мекунем", - гуфт Байден.

Илова бар ин маҳдудиятҳое алайҳи элита ё шахсони бонуфузи Русия ва оилаҳои онҳо ҷорӣ карда мешавад, гуфт роҳбари Кохи Сафед.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Изҳороти нахустини Путин пас аз эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ
"Онҳо дар хатари фасоди сиёсати Кремлро шариканд ва дарди худро бояд эҳсос кунанд”, - илова кард раисҷумҳури Амрико.
Ду бонки Русия низ ба феҳристи таҳримҳо ворид хоҳанд шуд.
"Мо бар зидди ду муассисаи бузурги молиявии Русия, ВЭБ ва Бонки низомии Русия таҳримҳои пурра маҳдудкунанда ҷорӣ мекунем", - гуфт Байден.
Дар хотима ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар масъалаи Украина имкон дорад, бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо намояд.
Бояд гуфт, ахиран Ғарб Русияро ба омодагӣ ба "ҳуҷум"-и Украина муттаҳам мекард. Маскав иттиҳомотро рад ва қайд мекард, ки Русия ба хоки ҳич кишваре намехоҳад ҳамла кунад.
Рӯзҳои ахир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шуд. Артиши Украина шиллики тиру тӯпро афзоиш дод. Талафот миёни мардуми осоишта дида мешавад. Бинобар таҳдиди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск ин ҷумҳуриҳо аз тахлияи минтақаҳо аз занон, кӯдакон ва пиронсолон хабар доданд. Донетск ва Луганск аз Русия хостанд, ки истиқлоли ин ҷумҳуриҳоро эътироф кунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шартномаи Русия бо ҶМД ва ҶМЛ ба Путин ваколати махсус медиҳад
Ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як паёми телевизионӣ эътирофи истиқлоли Луганск ва Донетскро зарур шуморид ва пас аз анҷоми Шӯрои амнияти Русия фармонҳои дахлдорро дар ин бора имзо кард.
Қаблан радиои Sputnik хабар дода буд, ки Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё алайҳи теъдоде аз бонкҳо ва тоҷирони Русия таҳрим эълон кардааст. Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо низ бар зидди Русия таҳрим ҷорӣ кард.