ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Толибон, ки ахиран қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, 90 маҳбус, аз ҷумла онҳоеро, ки барои содир кардани ҷиноят ба зиндон маҳкум шуда буданд, озод кард.
Дар ин бора рӯзи душанбе оҷонсии хабарии маҳаллии таҳти назорати толибон "Бохтар" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз зиндони вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон, тибқи фармони Ҳайбатулло Охундзода, маҳкумшудагон, аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ озод шуданд.
Толибон, ки дар авохири тобистон ва авоили тирамоҳи соли гузашта қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта буданд, садҳо маҳбусро аз зиндонҳои ин кишвар, аз ҷумла 350 нафар дар вилояти ҷанубии Ҳилмандро раҳо карданд.
Илова бар ин толибон ҷонибдорони худро аз зиндоне, ки барои 5 ҳазор нафар дар шаҳри Багром пешинӣ шудааст, раҳо карданд.
Пас аз он ки Вошингтон дар баҳори соли 2021 тасмимаш дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ аз Афғонистонро эълон кард, толибон амалиёти густурда барои назорат бар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15 август ҷангиёни толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6 сентябр толибон аз истиқрори назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон ва рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.