ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Муовини вазири экологияи Қазоқистон Серик Қожаниёзов зимни сафари корӣ дар Душанбе бо муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ мулоқот кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати экология, геология ва сарватҳои табии Қазоқистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо вазъи ба вуҷудомадаи хоҷагии об дар ҳавзаи Сирдарёро баррасӣ намуда, ҷиҳати мувофиқа кардани реҷаи кори обанбори "Баҳри тоҷик" дар давраи ғайринашъунамои солҳои 2021-2022 ва мавсими нашъунамои соли 2022 музокирот анҷом доданд.
"Ҷониби Қазоқистон ба тавофуқе дастёфт шуд, ки дар мавсими нашъунамои соли 2022 мисли соли 2021 додани об аз обанбори "Баҳри тоҷик" амалӣ карда мешавад",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ин тавофуқ вазъи дастраси ба оби кишоварзони вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрдаро дар шароити гармиву камобӣ беҳтар хоҳад кард.
Соли 2021 Тоҷикистон аз обанбори "Баҳри Тоҷик" ба Қазоқистон 315 миллион метри мукааб об фиристод. Ҷониби Қазоқистон гуфта буд, ки бар ивази об ба Тоҷикистон таҷҳизот, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи май кишварҳои Осиёи Марказӣ меъёрҳои обгирӣ ва реҷаҳои кории силсилаи обанборҳои Норин - Сирдарёро барои мавсими нашъунамои зироатҳо дар соли 2021 тасдиқ карданд.
Аз соли 1992 ба ин тараф байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон созишнома "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштараки истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби манбаъҳои байнидавлатӣ" амал мекунад.