Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия ҷумҳуриҳои Донестк ва Луганскро ба расмият шинохт

Сарвари давлат зимни як паёми изтирорӣ ба мардум дар бораи ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба мардуми ин кишвар муроҷиати изтирорӣ кард.
Дар изҳороти худ раҳбари давлат гуфт, ки Федератсияи Русия ҶМД ва ҶМЛ -ро расман эътироф мекунад.
Вай инчунин даъват кард, ки хунрезӣ дар қаламрави ин ҷуҳуриҳо хотима дода шавад.
Қаблан, 21 феврал ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор шуд. Мавзӯи ин мулоқот ташдиди авзоъ дар марзҳои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ва эътирофи онҳо аз сӯи Маскав буд.
Тирпаронӣ, гурезаҳо ва низомиён: дар Донбасс чӣ мегузарад - акс
Дар рафти мулокот аъзоёни Шӯрои амният ба роҳбари давлат дар бораи тамоми мушкилоте, ки ҶМД ва ҶМЛ дар рузҳои охир дучор омадаанд ва аз таҳдиди Киев гуфтанд.
Дар ин нишаст баҳси асосӣ сари амният ва барасмиятшинохтани ҶМД ва ҶМЛ буд, ки барои эътирофи онҳо сисатмадорони Русия баромад карданд:
Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев (агар беҳбудиҳо набошад);
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко;
Сарвазир Михаил Мишустин (агар беҳбудиҳо набошад);
Котиби Шӯрои амният Николай Патрушев (2-3 рӯз мӯҳлат диҳед);
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров;
Узви доимии Шӯрои амният Александр Бортников;
Вазири мудофиа Сергей Шойгу;
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин;
Директори Хадамоти иктишофии хориҷӣ Сергей Наришкин;
Вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев;
Ёрдамчии президент Игор Шеголев;
Сардори гвардияи миллӣ Виктор Золотов.
Владимир Путин пас аз шунидани суханони ҳамаи аъзои Шӯрои амният, ки ба ҷонибдорӣ аз эътирофи истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ баромад карданд, гуфт, ки қарори ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхонда рӯз, 21 феврал эълон хоҳад шуд.

Ташдиди вазъият дар Донбасс

Вазъият дар ҶМД ва ҶМЛ бегохии 18 феврал бад шуд. Сарони ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск аз тахлияи муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростови Русия хабар доданд. Инчунин дар ҷумҳуриҳо сафарбаркунии умумӣ эълон карда шудааст.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.