Барои муҳоҷирон дар "Госуслуги" бахши нав боз шуд: усули сабти ном қадам ба қадам

Портали "Госуслуги" номгӯи хидматҳоро барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, васеъ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дар портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ бахши нав бо маълумот барои шаҳрвандони хориҷӣ пайдо шуд.
Дар ин бора Вазорати рушди рақамӣ ва коммуникатсияи Русия хабар додааст.
Ин саҳифа ҳама гуна маълумот ва хидматҳоеро дар бар мегирад, ки барои зиндагӣ ва кори шаҳрванди хориҷӣ дар Русия заруранд.

"Бахши нав инчунин тартиби қонунигардонии корро соддатар мекунад", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар "Госуслуги" шаҳрванди хориҷӣ метавонад ба махзани ҷойҳои холии корӣ дар вебсайти "Кор дар Русия" дастрасӣ пайдо ва ҳамчунин маҳдудиятҳои вуруд ба кишварро тафтиш кунад.
Ҳамзамон шумо метавонед ба таври фосилавӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патенти ба Вазорати корҳои дохилӣ сабти ном шавед ва маълумотнома оид ба музди меҳнат ва собиқаи кориро дархост кунед.
Ба хориҷиён имконият дода шудааст, ки дар сурати нақз шудани ҳуқуқаш аз ҷониби корфармо ба нозироти меҳнат шикоят кунанд.
Дар шуъба шарҳ додаанд, ки чӣ тавр бояд дар портал худро сабти ном кард.
Дар Сахарово барои бархе аз муҳоҷирон даромадгоҳи иловагӣ боз шуд
Барои ин ба шумо танҳо ном ва суроғаи почтаи электронӣ лозим аст. Пас бояд тавассути корфармо ё мустақилона ба ягон мақомоти ҳудудии Хазинаи нафақаи Русия муроҷиат карда, СНИЛС гиред.
Пас аз он бояд симкорти Русияро аз оператори дилхоҳ бо пешниҳоди шиноснома харидорӣ кунед. Ва баъд бояд шахсияти худро тавассути бонк ё нуқтаи хидматрасонии "Госуслуги" тасдиқ кунед.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Русия портали нави иттилоотии "Адаптациямигрантов РФ" ба кор шуруъ кардааст. Ин хидматрасонӣ барои ҳамгироии хориҷиён ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудааст.
Хидматҳои нав дар "Госуслуг" барои муҳоҷирони корӣ
Дар ин торнома маълумоти зиёде барои муҳоҷирон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, ҷамъоварӣ шудааст.
Дар он ҷо шумо метавонед маълумотро дар бораи ташкилотҳо, марказҳои ёрирасон пайдо кунед.
Муҳоҷирон метавонанд рақамҳои зарурии телефони боварӣ, истинод ба замимаҳои мобилиро пайдо кунанд ва машваратҳои ройгони онлайнӣ гиранд.