ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Мудири корхонаи давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Кӯлоб ба идораи милиса муроҷиат карда, аз ҳадафи дуздон қарор гирифтани ниҳоди таҳти идорааш хабар додааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мудир арз доштааст, ки ҳодиса шаби 16 ба 17-уми феврали соли равон рух додаст.
"Шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин 300 метр сими хатти интернетӣ - ё худ оптикиро, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - овардааст ВУД аз қавли мудир.
Манбаъ зарари расонда аз ноқилдуздиро 4 ҳазору 800 сомонӣ арзёбӣ кардаст.
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, феълан бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят марди 26-сола дастгир гардида, таҳқиқот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти умури дохилӣ аз ҳолати симдуздӣ дар Тоҷикистон гузоришҳо доданд. Аз ҷумла ноқилҳои телефони ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" ҳадафи дуздон қарор мегиранд.
Масъулини ширкати "Тоҷиктелеком", ки ба таъмини телефонҳои хонагӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад, аз ҳолатҳои дуздии ноқилҳо нигаронӣ карда буданд. Солҳои охир талабот ба телефонҳои хонагӣ коҳиш ёфтааст, аммо ҳолатҳои дуздии кабелҳои телефон ҷой доранд.
Далели таваҷҷуҳ ба кабелҳои телефон миси дохили он гуфта мешавад, ки миёни тоҷирони металфурӯш талаботи зиёд дорад.