ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон ва муовини аввалаш Муҳаммаддовуд Саломиён аз мансаб барканор шуданд.
Ба ҷои ӯ як нафари дигар таъин шудааст.
Як манбаъ дар Вазорати маориф бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, "ҳамин ҳоло Қоҳир Расулзода вориди бинои вазорат шуда, қарор аст, вазири навро ба кормандон муаррифӣ кунад".
"Бино ба иттилои мо, вазири нав ректори собиқи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе Саидзода Раҳимҷон Ҳамро таъин шудааст", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммаддовуд Саломиён, ки то кунун муовини вазир буд, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров интисоб шудааст.
Раҳим Саидзода, доктори улуми техникӣ, профессор се сол ба ин сӯ ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе, маъруф ба МИСиС дар Душанбе, ҳамзамон узви шӯрои ин донишгоҳ буд.
Муҳаммаддовуд Саломиён аз 21 январи соли 2020 то ба ҳол дар симмати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Муҳаммадюсуф Имомзода ба ин вазифа соли 2020 бо фармони президент таъйин шуда буд.