Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустии Хатлон

Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ идома дорад. Роҳбарони раёсатҳои маорифу тандурустии Хатлон низ аз вазифа сабукдӯш гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашӯралӣ Олимӣ аз вазифа озод карда шуд. Манобеи "Pressa.tj" хабар додаанд, ки ба курсии Олимӣ Ғазалшо Сафарзода нишастааст.
Хабари барканор шудани сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлонро ду мудири шуъбаҳои маориф дар шаҳру навоҳии ин вилоят тасдиқ намудаанд ва изҳор кардаанд, ки зимни як ҷаласа сардори нав ҳузури онҳо муаррифӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ғазалшо Сафарзода то таъйин шудан ба вазифаи сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон роҳбари дастгоҳи раиси ин вилоят буд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Президент директори Маркази милии тестӣ ва муовинонашро барканор кард
Номи Ашӯралӣ Олимӣ, ҳамакнун сардори собиқи Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар пайванд ба муҳоҷиршавии омӯзгорон дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Ӯ ахиран дар нишасти матбуотии хеш гуфта буд, ки аз вилояти Хатлон зиёда аз ду ҳазор омӯзгор тарки касб карда, муҳоҷир шудаанд.
Илова бар ин сардори Раёсати тандурустии ин вилоят Раҷабзода Мирзоалӣ низ иваз шуд. Ҷойгузини ӯ Шайдулло Шарипов шуд.
Дар назар аст, ки имрӯз бо иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар сардори нави Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон муаррифӣ шавад.