ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён сӯхтори шадид сар зад.
Оташсӯзӣ рӯзи 21 феврал, соати 16:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва навори сӯхтор аллакай ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст.
Аз навор маълум аст, ки дар ҷойи ҳодиса мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ қарор доранд ва кӯшиш мекунанд, алангаи оташро хомӯш намоянд.
Ҳамчунин мардуми зиёд низ ҷамъ омадаанд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин оташсӯзӣ дастикам 15 нафар ҷароҳатдор шуданд ва вазъияти сиҳҳати 3 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Дар ҷойи ҳодиса шаш мошини обпош қарор дорад, вале то ҳол алангаи оташ хомӯш нагардидааст.
То кунун сабаби сар задани сӯхтор маълум нест ва тафтишот дар ин хусус идома дорад.