ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik Сабаби асосии марги гирифторони бемории коронавирус ин мушкили танаффусӣ мебошад. Дар ин бора духтури амрози дарунӣ Андрей Звонков дар ин хусус ба "ura.news" хабар дод.
"Механизми асосии ковидӣ механизми осеби рагҳои хун, асосан рагҳои шуш аст. Ин аст сабаби асосӣ. Ман ҳатто намедонам, ки онро чӣ ном кунам, зеро дар тиб истилоҳи марбути ин мушкили танаффусӣ вуҷуд надорад", - тавзеҳ дод Звонков.
Ба гуфтаи ӯ, тангии нафас ба вайрон шудани вазифаи мубодилаи гази шуш оварда мерасонад. Дар баробари ин воридшавӣ ва хориҷшавии ҳаво осеб намебинад, вале "гипоксия"-и шадид дар ниҳоят ба марг оварда мерасонад.
Пизишк инчунин омилҳоеро номбар кард, ки метавонанд ба ҷараёни коронавирус таъсир расонанд.
"Касалии қанд, бемориҳои атеросклеротикӣ, бемориҳои ишемиявӣ, на танҳо бемориҳои дил инчунин COVID-ро шадидтар мекунанд", - гуфт Звонков.
Вай таъкид кард, ки вирус тадриҷан паҳн, аз зарфҳои хурд оғоз шуда, ба дил ва ҳатто майна роҳ меёбад. Далели асосии ба системаи нафаскашӣ марбут будани фавт аз онро вирусолог, ходими пешбари илмии Донишгоҳи давлатии Маскав Максим Скулачев низ тасдиқ кардааст.