ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, хонуми муттаҳам аз шаҳрванд барои тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ дар мавриди собиқаи хизматӣ ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ талаб намудаст.
"Аз маблағи талабнамудааш 1 ҳазор сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда 3 ҳазор сомонии дигарро талаб намудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки мақомдори корхонаи давлатии бахши нақлиёти партовбар баъди аз шаҳрванд гирифтани 3 ҳазор сомонӣ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардид. Ожонс афзуд, ки маблағ, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Ожонс афзуд, алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 319 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдорро барои ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад.
Ҷазо дар чунин ҳолат ҷарима ба андозаи аз 5475 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 12775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 3 то 5 соли зиндон пешбинӣ гардидааст. Як нишондищанда барои ҳисобҳо соли равон муодили 64 сомонӣ мебошад. Инчунин гунаҳкорон аз рӯи ин банд 5 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум мешаванд.