Дар Душанбе намоишгоҳи ихтисосии Эрон баргузор хоҳад шуд

Расонаҳои Эрон дар бораи баргузории шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар пойтахти Тоҷикистон хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон аз 27 то 29 феврали 2022 дар шаҳри Душанбе бо рӯйкарди ҳимоят, пуштибонӣ ва ҳазфи мавонеи содирот баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Тибқи иттилои манбаъ, ин рӯйдод бо ҳузури ширкатҳои фаъоли тавлидӣ, санъатии хадамотӣ дар заминаҳои мухталиф бо ҳузури мақомоти расмии ду кишвар ифтитоҳ хоҳад шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, ин иқдом нуқтаи мусбате дар ҳимоят аз тавлидоти миллии Эрон ва иттисол ба шабакаи содирот ба кишварҳои Осиёи Миёна маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ бар ҳузури пурранги Хуросони Разавӣ дар намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард.
Муҳаммадтақии Собирӣ: Ҳафтаҳои фарҳангӣ дар Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад
Ӯ гуфт, заминаи ҳузури тавлидоти муътабари Машҳад ва устон дар ин намоишгоҳ фароҳам шавад.
Ба гуфтаи Яъқубалии Назарӣ, ҳузур ва баргузории чунин намоишгоҳҳое ба сурати табиӣ асароти фарҳангӣ ва сиёсии худро дар равобити ду кишвар бар ҷо хоҳад гузошт.