Тирпаронӣ, гурезаҳо ва низомиён: дар Донбасс чӣ мегузарад - акс

Пас аз тезутунд шудани вазъ дар Донбасс сокинони маҳаллӣ ба таври оммавӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд ва мардони қобили меҳнат сафарбар карда шуданд
Sputnik
1 / 15

Рӯзҳои истироҳат вазъият дар ҶХД ва ҶХЛ тезу тунд шуд.

2 / 15

Дар бораи тирпаронӣ ва ҳамла ба маҳалҳои аҳолинишини Донбасс хабар дода мешавад.

3 / 15

Дар ҳар ду ҷумҳурии эътирофнашуда вазъияти ҳарбӣ эълон карда шудааст. Сафарбар намудани шаҳрвандони синни ҳарбӣ оғоз гардид.

4 / 15

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки снарядҳо ба хонаҳо парвоз мекунанд. Ба минтақаҳо ду хумпора афтидааст.

5 / 15

Дар натиҷаи тирпарронӣ як сарбози ҶХД кушта, дигараш захмӣ шуд, ду нафар аз тирборон бехуш шудаанд.

6 / 15

Дар бораи хисороти моддӣ ба сокинони маҳаллӣ то ҳол маълумот дастрас нест.

7 / 15

Бархе аз сокинони Донбасс, бо вуҷуди хатар, дар маҳалли зисти худ боқӣ мемонанд.

8 / 15

Бисёриҳо манзили зисташонро тарк карда, тамоми молу мулк ва ҳатто ҳайвоноти хонагиашонро мемонанд.

9 / 15

Беш аз 61 ҳазор сокини Донбасс вориди Русия шуданд.

10 / 15

Сокинони Ҷумҳурии Халқии Донетск (ДНР) тавассути қатораҳо аз минтақаҳои хатарнок интиқол дода мешаванд.

11 / 15

Чунин аст, оқибатҳои зарбаи артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба деҳаи Пионерскоеи ҶХЛ, ки дар натиҷаи он ду кас ҳалок шуд.

12 / 15

Ин харобшавӣ ба инфрасохтор низ таъсир расонд. Пули пиёдагард дар мавзеи деҳаи Станитса-Луганская феълан ҳамин тавр менамояд.

13 / 15

Расонаҳои хориҷӣ аксҳои низомиёни украиниро дар хатти ҷабҳа дар наздикии шаҳри Новолугански вилояти Донетск нашр мекунанд.

14 / 15

Дар ҶХЛ ба мардони аз 18 то 55 сола тарки ҷои истиқомат манъ аст.

15 / 15

Аммо ҳаёт бо ин ба итмом намерасад. Дар акс низомие бо духтаре дар яке аз майдонхои Донетск вохӯрдааст.

Шабонарӯзи гузашта ҷангҷӯёни украинӣ 25 маҳаллаи аҳолинишини ҶХЛ-ро тирборон карданд. Ду сокини осоишта кушта, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҶХЛ 9 хона аз тирпарронй зарар дида, зиёда аз 1000 нафар одамон бе қувваи барқ монданд.
Дар натиҷаи тирпарронӣ як низомии ҶХД кушта шуд, дигаре захмӣ гардида, ду нафар аз снарядҳо захмӣ гардиданд.
Дидбонгоҳи марзии Русия дар марз бо Украина нобуд карда шуд: видео
Хабар дода мешавад, ки дар ноҳияи Новоазовскийи ҶХД як гурӯҳи диверсионии душман кушиш кард, ки ба сарҳади Русия наздик шавад, вале ба муқобилият дучор шуд.
Беш аз 61 ҳазор сокини Донбасс вориди Русия шуданд. 43 минтақаи Русия барои қабули паноҳандагон аз Донбасс омодаанд.