ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Субҳи 21 феврал дидбонгоҳи марзии Русия дар вилояти Ростов бар асари партоби хумпора аз ҷониби Украина комилан тахриб шуд.
Гуфта мешавад, ки дидбонгоҳи сарҳадӣ 150 метр дуртар аз хатти марз ҷойгир буд.
ФСБ хабар медиҳад, ки ин иқдом талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Қаблан дар бораи партоби ду хумпора дар вилояти Ростов иттилоъ дода мешуд.
Яке дар канори деҳаи Митякинская таркид, дигаре ба бинои ёрирасони хоҷагии ба номи Манотский бархӯрд.