Даъвати баргузории ҷаласаи Шӯрои амният аз ҷониби Путин

Раисҷумҳури Русия дар Кохи Кремлин ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор мекунад.
"Ин шӯрои бузурги амният аст”, — гуфт оқои Песков.
Дар ин ҷаласа худи Путин ва дигари иштироккунандагон баромад мекунанд. Сухангӯи Кремл таъкид кард, ки ҷаласа ғайринавбатӣ хоҳад буд.
"Раисҷумҳури Русия ҳамчунин имрӯз чанд суҳбати телефонии байналмилалӣ дорад", - илова кард Песков.
Рӯзҳои охир ташдиди вазъ дар Донбасс мушоҳида мешавад. Киев ба созишҳо эътибор намедиҳад, низомиёни зиёдеро дар хатти даргириҳо мустақар кардааст ва пайваста ба сӯйи нерӯҳои Ҷумҳурии Худхондаи Донбасс, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи мамнуъ оташ мекушоянд.
Дидбонгоҳи марзии Русия дар марз бо Украина нобуд карда шуд: видео
Бар асари таҳдиди ҳамлаи Украина дар ҷумҳуриҳои худхонда ба вилоятҳои Русия интиқоли занону кӯдакон ва пиронсолон шуруъ шудааст. Тахлияи умумии минтақа эълон карда шуд.
Даргириҳо дар шарқи Украина ҳашт сол боз идома доранд ва дар ин муддат, ба гуфтаи СММ, беш аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ ва ҳудуди 44 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Имрӯзҳо вазъият дар Донбассро Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО, ки ба Украина аслиҳаву мушовири низомӣ мефиристанд, вахим месозанд. Маскав борҳо хостори қатъи интиқоли силоҳ шудааст.